0

Соҳилбандӣ-илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ

print

Дарёи Сурхоб ҳангоми баҳорон дар натиҷаи боронҳои сел пуроб гашта, ҳамасола ба сокинони маҳаллаҳои наздик ба соҳил зарари калон расонида, бо сабаби шустани заминҳои кишт ба хоҷагиҳо хисороти зиёд меоварад. Соли гузашта, бинобар боронҳои сел ва баланд шудани оби дарё чандин оилаҳо зарари ҷиддӣ дида, масоҳати заиёди заминҳои кишт шуста бурда шуд.

   Оби сел махсусан ба шуста бурдани варзишгоҳи ноҳия таҳдид мекард. Ҳамаи ин водор месохт, ки ба мустаҳкам намудани соҳили дарё диққати ҷиддӣ дода шавад. Вазъияти мазкур бахусус раиси ноҳия Муҳтарам Аслзода Эмомиддин Муҳриддинро ба ташвиш овард. Аз ин рӯ, сарвари ноҳия тамоми имконияту воситаҳоро ба кори соҳилбандӣ равона карда, рафти иҷрои онро айни замин таҳти назорати худ гирифтааст. Ба ин кор ҳамаи ниҳодҳои дахлдор, ҷамоатҳо ва ташкилоту идораҳо ҷалб карда шудаанд.

   Имрӯзҳи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мувафақона идома дорад. Дар қад-қади соҳили дарё саддҳо сохта шуда, ба ин васила пеши оби сел гирифта мешавад. Бо мақсади сохтани саддҳои мустаҳкам муттасадиён ба масолеҳи зарурӣ ва техникаву  воситаҳои дигар таъмин карда мешавад. То ин дам барои корҳои соҳилбандӣ ва барқарорсозии саддҳои харобгашта аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумхурӣ ба миқдорӣи 5 ҳазор метри мурабаъ симтур, аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии минтақаи кулоб 40 адад кубикҳои сементӣ ба сифати кӯмак ворид гардида, барои харидани сузишворӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба миқдори 41 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

   Дар натиҷаи чунин тадбиру чорабиниҳо дар ҳоли ҳозир дар зиёда аз 2 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Танобчӣ бештар аз 900 метр корҳои барқарорсозию сиҳилмустаҳкамкунӣ ба ҷо оварда шуда, аз ин ҳисоб дар 800 метри он симтур хобонда шудааст. Дар Ҷамоати шаҳраки Совет бошад, айни замон ба масофаи 1100 метр саддҳо бунёд ва барқарор карда шудаанд. Умуман то ин дам ба андозаи 2210 метри мурабаъ симтур харидӣ шуда ва ба миқдорӣ 48 адад лулаҳои кубикҳои сементӣ ва дигар воситаҳои саддсозӣ дар мавзеъҳои хавфноку осебпазир истифода шудаанд.

   Бо дастуру супоришҳои раиси ноҳия муҳтарам Аслзода Эмомиддин Муҳриддин ситоди ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода таъсис дода шудааст, ки он ҳамарӯза аз ҷараёни корҳои соҳилбандӣ ва тағйирёбии оби рудхона маълумотҳои фаврӣ пешниход менамояд. Ҳоло тамоми ҷидду ҷаҳд ва талошҳо ба он равона гардидааст, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мӯҳлат ва босифати баланд анҷом дода шуд, хатару шусташавии заминҳои соҳили дарё ва маҳалаҳои назди соҳил аз миён бардошта шавад.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code