0

Наврӯзи хуҷастапай муждаи аввалини баҳори хуррам аст.

print

   Субҳи имрӯз мардуми сарбаланди ноҳияи Темурмалик бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳориро бо дастовардҳои шоён истиқбол намуданд.

   Ба хурсандиву нишоти мардум сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед, раиси ноҳия Аслзода Эмомиддин ва дигар ашхоси расмӣ шодишарик гардиданд.

   Меҳмонон нахуст аз намоишгоҳҳои наврӯзӣ ки аз ҷониби идораву ташкилот ва муассисаҳои гуногуни ноҳия, боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Истиқболи гарми ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ, ки рамзи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳуввият ва ифтихори миллии мардуми шарифи диёрамон мебошад, меҳри Модар ва Ватани азизро дар дили инсонҳо бедор месозад. Бо ин иқдом мо яке аз куҳантарин суннатҳои аҷдодӣ ва оинҳои давлатдории гузаштагонамонро эҳё менамоем. Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҳанӯз дар давраи давлатдории Ҷамшед аз ҷашнҳои бузурги ориёӣ маҳсуб ёфта, шаш рӯз таҷлил мегардид.

   Сипас,  сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед ва раиси ноҳия Аслзода Эмомиддинзимни суханронии табрикотӣ таъкид доштанд, ки мардуми шарафманди кишвар ифтихор аз он доранд, ки маҳз ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки ваҳдату ягонагии маънавии мардумро таҳким мебахшанд, ба Феҳристи мероси Созмони Милали Муттаҳид ворид гардида, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд. Пазироии ҷашнҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз, аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ шаҳодати он аст, ки мардуми фарҳангофару бунёдкори мо ҳамеша дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор дошт. Ин нукта дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат чунин зикр гардидааст: “Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.”

   Иттилоъ дода шуд, ки Наврӯзи хуҷастапай муждаи аввалини баҳори хуррам аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дӯстиву рафоқат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб, худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани арзишҳои олии маънавӣ саъю кӯшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем.

   Раиси раиси ноҳия Аслзода Эмомиддин дар паёми табрикотии худ бахшида ба Наврӯзи байналмилал аз ҷумла афзуд, ки Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.Шоистаи зикр аст, ки Наврӯз дар Тоҷикистон дар партави ғояҳои зиндагиафрӯз ва нусратбахши истиқлолияти давлатӣ ба муҳимтарин ҷашни миллӣ ва мардумӣ табдил ёфта, имрӯз истиқлолият ва Наврӯз мафҳумҳои ба ҳамдигар наздик ва ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо мебошанд.Ба андешаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад».

   Ба таъкиди Каримзода Хуршед миллати тоҷик дар зарфи ҳазорсолаҳо ин ҷашни меросии худро баробари забони модарӣ ҳифз кардааст. Ин аст, ки бо таваҷчӯҳ ба вижагии ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамеша мардумро ба ҳифзи арзишҳои он даъват мекунанд.Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон ва маҳалли зист мусоидат менамояд.Наврӯз дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

   Изҳори умед карда шуд, ки қадами мубораки Наврӯзи Аҷам ба ҳамагон тандурустиву саодатмандӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда меорад. Бигзор Наврӯзи ҳуҷастапай имсол низ бароямон шодию нишот ва хуррамию шодмонӣ оварад.

   Дар ин рӯз як зумра собиқадорони меҳнат ва фаъолон баҳри меҳнати садоқатмандонаашон ва саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободонию бунёдкорӣ бо ифтихономаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ карда шудандл.

   Барномаи театрикунонидашуда доир ба таърихи Наврӯз ва сурудҳои фараҳбахши кормандони бахши фарҳангӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва сурудхонии сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ Нишонаи Рустам ва Ситораи Кароматулло табъи ҳозиринро болида намуд.

 

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code