0

Дасти «Наҳзат» -ро гирифтан душманист.

print
Ба фикри банда баъди  нооромиҳои солҳои 1992 ҳеҷ кас намехоҳад, ки Ватани азизи мо Тоҷикистон дубора  ноором шавад. Сабабҳои ноороми  ба ҳамагон маълум аст, ки сабабгори ин бадбахтиҳо ҳизби террористии   Наҳзат бо хоҷагони хориҷии худ буд.

Имрўз Тоҷикистон шукри Худо ором ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї – Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон рўз то рўз обод мешавад, аммо душманони  миллати Тоҷик монанди  аъзои хиёнаткори Наҳзат мехоҳанд ин Ватани оромро боз ноором кунанд, бо ин васила ба хоҷагони худ хизмат кунанд, маблағҳои муғризона гирифтаашонро бо хуни миллати Тоҷик иваз кунанд.

Ба назди  сафорати Эрон  омадани онҳо ҳам бе сабаб нест. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ташкил  ёфтани ин ҳизби манфур ва хиёнаткор хизмати  муғризонаи дастандаркорони Эрони бараъло ба чашм мерасид.

Имрўз ин ҳизби террористи бе дастгирии Эрон ҳеҷ аст, Кабири ва 3-4 нафаре, ки имрўз ҳамчун хоини Ватан, ғарибу  муҳтоҷу бе ватан сарсону саргардон бе Эрон ҳеҷанд, аммо бо дастгири ва маблағгузории Эрон худро дар паноҳи ҳизбуллоҳ, ҳизби экстремистї  ва террористии Ихвонул-муслимин мебинанд.

Дар ин миён кас намедонад, ки ҳадафи ҷумҳурии Исломии  Эрон чи ҳаст? Агар ҳадаф шиъа кардани мардуми Тоҷикистон бошад бо ин 3-4 мазҳабфуруш  ҳеҷ кас пайрави шиъа намешавад. Агар сохти кониститутсионии моро ба сохти “давлати исломи” тағйир додани бошад  хато мекунад, зеро мардуми Тоҷикистон дину мазҳаби худро пок  нигоҳ медорад, аз дин суиистифода карда дини  муқаддасро ба сиёсат ҳамроҳ намекунад, роҳи давлатдории Тоҷикистон имрўз муайян шуда бо роҳи интихобкардаи халқ озодона орому обод мешавад.

Доим Эрон бо Тоҷикистон дустии худро эълон мекунад. Агар дар ҳақиқат дусти Тоҷикистон бошад ва миллати Тоҷикро эҳтиром кунад бояд дасти гуруҳи ҷинояткорро нагирад, хоинони Тоҷикистонро хоинони Эрон шуморад,  аз маблағгузории онҳо даст кашад, Кабири ва ҳаммаслакони ўро ба Тоҷикистон супорад. Зеро як гуруҳи хурди наҳзати хиёнаткор ба сард шудани муносибати ду давлат ва ду халқи бузург сабаб нашавад.

Ҳ.Ҳ .Мўсозода.Ш .Хуҷанд.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code