0

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳияи Темурмалик

Дар доираи истиқбол  аз «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳияи Темурмалик бо иштироки раиси Шӯро, раиси ноҳия, аъзо ва фаъолҷавонон дар толори Қасри фарҳанги ноҳия баргузор карда шуд.

  Ҷаласа Шӯрои кор бо ҷавонон таҳти раёсати раиси Шӯро-раиси ноҳияи Темурмплик муҳтарам Аслзода Эмомиддин баргузор карда шуд.

  Котиби Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳияи Темурмалик Шукрона Ҳусейнова оид ба фаъолияти Шӯро дар давоми 4 моҳи соли равон ҳисобот дода, иброз дошт, ки дар ин муддат ҷиҳати дастгирӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ, эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз пешгирии вируси норасоии масъунияти одам дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи вохӯрию чорабиниҳо гузаронида шудааст.

Баъдан аъзоёни Шуро Каримов Ёқубҷон-мудири шӯъбаи занон ва кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ, Одинаева Моҳрухсор, Одинаева Меҳрона-гирандаи Стипендияи Президентӣ ва Азизулло Муродҷон-аъзои маҳфили Пайравони Пешвои миллат суханронӣ намуданд.

   Дар кори ҷаласа Раиси Шӯро- Аслзода Эмомиддин суханронӣ намуда ҷавононро ба ин рӯз табрик намуд. Зимни суханронии худ раиси ноҳия оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ, бекоршавии ақди никоҳ, ҷалби ҷавонон ба донишандӯзӣ, ҳавасмандии олимони ҷавон, мақсаднок истифодаи майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва сохторҳои маҳаллиро мувазаф намуд, ки дар ин самт тадбирҷӯӣ намоянд.

 Дар идомаи кори Шӯро ба як зумра ҷавонони фаъол ифтихорномаи раиси ноҳияи Темурмалик супорида шуд.

 

 

 

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code