Таърих

print

Ноҳияи Темурмалик (собиқ Қизилмазор) марказаш шаҳраки Совет 23 ноябри соли 1930 ташкил ёфта, аз маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бо шоҳроҳи асосӣ дар дурии 206-207 км, маркази вилояти Хатлон шаҳри Қурғонтеппа 150 км, шаҳри Кулоб 60 км, аз ноҳияи Восеъ 40 км, Данғара 50 км, Фархор 70 км, Балҷувон 60 км, Ховалинг 100 км воқеъ гаштааст.   

Мувофиқи маълумотҳои географӣ-геодезӣ ҳудуди ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии аз 650 то 1770 метр, Ҷорубқул 1760 метр, Кангурт 1500, Сартез то 1770 метр мавқеъ дорад. Ноҳия аз ҷиҳати марзӣ бо ноҳияҳои Восеъ, Кулоб, Балҷувон, Ховалинг, Данғара аз тарафи даштҳои Олимтой тавассути деҳаи Тошбулоқ бо ноҳияи Фархор хатти сарҳад дорад. Солҳои қабли дар ноҳия ду метеостансия хизмат карда, стансияи зилзиласанҷӣ низ мавҷуд буд.

Шаҳраки Совет маркази ноҳия маҳсуб шуда, дар соҳили дарёи Сурхоб дар байни теппаҳои начандон калон ба масофаи то 3-3,5 километр дарозӣ аз саргаҳи деҳаи Шибанай то насосҳои обкашии деҳаи Иқбол мавқеъ дорад ва аз сатҳи баҳр дар баландии 900 метр вокеъ гаштааст. Замини шаҳрак қисми шарқию ҷанубиаш сангу қум, сатҳи оби заминиаш баланд, қисми ғарби шимолиаш сафедхок аст.    

Аз ҷиҳати маъмурӣ ноҳия ба 1 ҷамоати шаҳрак ва 6 ҷамоати деҳот тақсим шуда, дар қаламрави ноҳия 70 деҳа мавҷуд мебошад.