Вокуниш оид ба тирпаронии наҳзатиҳо дар Олмон

print

Вокуниш оид ба тирпаронии наҳзатиҳо дар Олмон

     Ин воқеаи нохуш ба ҷавонмардоне, ки аз ҷониби аъзоёни ташкилоти экстремистӣ террористии наҳзат, ки дар яке аз демократитарин кишвари ҷаҳон –Олмон ба вуқуъ пайваст, ҳеҷ касро ба канор монда наметавонад. Зеро инҳо худро аз миллати тоҷик, ки маданияташ ба ҳазорсолаҳо мепайвандад медонанд.

     Дар ҳақиқат саркардани (мухолифони давлат) агар ба ҳамин ибора гуфтан лоиқ бошанд, дар давоми ин солҳои дарози муборизаашон қиёфаи ғайри инсонӣ ноҷавонмардонаашонро бори дигар дар ҷаҳони имрӯза нишон доданд.

     Дар ҳақиқат тараққиёт ва пешрафти ҷумҳурии азизи мо қиёс надорад. Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолию озодиҳои демократии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки беш аз 10 солаш ба ҷангу хунрезиҳо то соли 2000-ум гузашт, яъне кишвари азизамон рӯз то рӯз чунон тараққӣ кардааст ва дигаргун шудааст, ки дар 100 соли охир чунин ободкориҳо накарда буданд. Инро халқи меҳнаткашу шарафманди тоҷик бо сарвари имрӯзаи худ Пешвои муаззами миллат ба даст овардааст. Ин дигаргуниҳоро бо сухан гуфтан хеле душвор аст. Агар он саркардагон душманони миллат, ки худашонро ба зери ҳар гуна ташкилоту-паймонҳои нолоиқ ва бофтаю сохта  муаррифӣ мекунанд, заррае ақлу виҷдон ва хиради одамӣ дошта бошанд имрӯз гашта биёянду он сохтмонҳои азими неругоҳҳо, роҳҳо, манзилҳои истиқоматию иҷтимоӣ ва ғайраро бинанду хулоса бардоранд.

     Имрӯзҳо ба душвории пандемия нигоҳ накарда, дарҳои масҷидҳо кушода, мардум озодона тоату ибодатҳои мусулмонии худоро ба ҷо оварда истодаанд. Ҳеҷ кас пеши роҳи касеро намегирад.

     Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки ҳамаатон ҷамъшуда  ба як хулоса омада кибру манманӣ ҳасаду бухлро аз дилҳоятон дур намуда, ба Ватани азизи хеш баргардед. Агар халқи авфпазири мо Шуморо бубахшанд ватанро якҷоя ободу зебо гардонем, зеро беҳтарин манзили дунё ва беҳтарин манзили охират барои ҳар як тоҷику тоҷикистони Ватани маҳбубамон Тоҷикистон аст.

Доробов Абдулвадуд

Сархатиби  масҷиди ҷомеъи марказии

ноҳияи Темурмалик ба номи «Имом Абуҳанифа»

temurmalik