0

ВОХӮРӢ БО НАМОЗГУЗОРОНИ МАСҶИДИ ҶОМЕИ МАРКАЗӢ

print

   Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар  Паём гуфта буданд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик Нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, аз руи он кору фаъолият бурда истодааст.

   Давоми ҳафтаи сипаригардида гуруҳи кории ноҳиявӣ бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми имсола ба мардум, аз ҳисоби кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ноболиғон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо намозгузорони масҷиди ҷомеи марказии ноҳия ба номи “Имоми Аъзам”, ки зиёда аз 800 нафар намозгузорон  иштирок дошт суҳбату вохӯри доир намуда, оиди корҳои ободонию созандагӣ дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  даъвати навбатии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ сӯҳбат анҷом доданд.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code