0

Вазъи соҳаи тандурустии ноҳия дар соли 2018

print

   Дар соҳаи тандурустии ноҳия 51 духтур, аз ин шумора 27 нафар бо категорияи олӣ ва 390 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 38 нафар дар беморхонаи марказӣ, 13 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ ва муассисаҳои дигари тиббии деҳот фаъолият карда истодаанд. Беморхонаи марказӣ аз 7 шуъбаи бистарикунонӣ, 5 шуъбаи ёрирасон ва 4 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад.

   Дар ин давра ҳамагӣ 3187 бемор бистарӣ карда шудааст, ки аз ин шумора 3145 бемор баъди табобат гирифтан ҷавоб дода шудаанд. Шумораи умумии фавтидагон 4 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора кӯдакони то синни 5-сола ба қайд гирифта нашудааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ин давра хизматрасониҳои пулакӣ ба 105,4 ҳазор сомонӣ  расонида шуд. Дар давраи сипаригардидаи соли 2018-ум 52 нафар бемори сили фаъол ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 15 нафар дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

   Ҳамагӣ дар қайди маркази мубориза зидди бемории сили ноҳия 363 бемори сили фаъол зери назорати диспансерӣ қарор доранд. Шумораи гирифторони бемории нашъамандӣ 32 ва вируси норасоии масунияти одам 48 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 34518 нафарро ташкил дода, аз онҳо 75 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 9 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия,  18 нафар вакилони ҷамоатҳо, 10 нафар хизматчии давлатӣ буда, 100 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code