0

УМРИ ДУРӮҒ КУТОҲ АСТ!

print

ВОКУНИШ.
Охири моҳи ноябри соли 2019 дар шабакаи интернетии  дар Тоҷикистон фаъолияташон манъ, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.
Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки  манъ карда шудааст, дар   ахбори “PAYOMNEWS” хабареро аз занги телефонии ҳаммаслакони худ “бе ному насаб, бе акс танҳо овоз” дар бораи ноҳияи Темурмалик, деҳаҳои Ғурулди, Сартез, Қушқияи Ҷамоати деҳоти ба номи Л.Қармишев ва Ҷайралии Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳия бо гумони он, ки 70 нафар заҳролудшуда, 2 нафар зан бо кӯдаконашон бе ному нишон гашта, пайдо шудани 2 тифли мурдаи бе дилу ҷигар ва пайдо шудани гурӯҳҳои ниқобпуши номаълум хабар пахш гардид.
Баъди ин хабар аз ҳисоби гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақмотҳои қудрати миёни сокинони деҳаҳои боло зикр сӯҳбату вохӯриҳоро доир карда шуда,  пурсишҳо гузаронида шуд.  Маълум карда шуд, ки хабари болозикри интернетӣ бе асос ва дӯруғ будааст.
Аз ин рӯ сокинони деҳаҳои номбаршуда иброз доштанд, ки тинҷӣ ва амонии кишварро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда, дар фазои сулҳу ваҳдат умр ба сар мебаранд.  Ин дасисаҳо аз ҷониби душманони миллат буда, оромии ҷомеаро   халалдор карда наметавонад.
Мардуми кишвар аллакай роҳи осоиштаиро интихоб намуда, аз нооромиҳои  дигар кишварҳо ва солҳои навадуми асри гузашта дарси ибрат омӯхтаанд ва дигар ба ягон ватан фурӯши беватан бовар намекунанд!. Ва ба онҳо гуфтаниаанд: “Шири модари тоҷикро ҳаром намудед!”
Дар охир аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ба тамоми сокинони кишвар иброз медорем, ки овозаҳои ахбори “PAYOMNEWS” нисбати ноҳия дурӯғ ва бе асос мебошанд.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code