0

Танобчӣ- бинои нави клуб дар деҳаи Ҷайралӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

   Санаи 6 сентябри соли 2018 бо иштироки раиси ноҳияи Темурмалик Аслзода Эмомиддин Муҳриддин дар деҳаи Ҷайралии Ҷамоати деҳоти Танобчӣ бинои нави клуб мавриди истифода қарор гирифт.

   Дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади дар сатҳи олӣ ва бо дастовезҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22- майи соли 2018, №АП-1059 ҷиҳати омодагии ҳаматарафа ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 248 банд, ки аз ин 97 ададашро анҷом додани корҳои сохтмонӣ ташкил медиҳад, қабул гардид. Айни замон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар ноҳия корҳои ободонию батартибдарорӣ ва созандагию бунёдкорӣ вусъат ёфтанд.

    Дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 сентябри соли 2018 бо мақсади инкишоф додан ва беҳтар намудани хизматрасониҳои фарҳангӣ ба сокинон дар деҳаи Ҷайралии Ҷамоати деҳоти Танобчӣ, ки солҳои тулонӣ аз ҷойи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ маҳрум буданд, бо иштироки раиси ноҳия Аслзода Эмомидин дар вазъияти тантанавӣ бинои нави клуб мавриди  истифода қарор дода шуд, ки  туҳфаи  арзишмандест барои сокинони деҳаи Ҷайралӣ дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Зимни суханронии худ Аслзода Эмомиддин бо фаъолон, аҳли ҷамоатчигӣ ва кормандони соҳаи фарҳанг ҳозиринро бо ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда қайд науданд, ки Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеъӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлат дории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code