0

Соли 2018 11 ярмаркаи  ҷойҳои   корӣ  бо  пешниҳоди  160  ҷойи кории холӣ  гузаронида шуд

print

   Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии  ноҳия 1441 нафар  барои пайдо  кардани ҷойи корӣ  муроҷиат  карданд, ки аз онҳо 702 нафар зан мебошанд. Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 1331  нафар ҳамчун корҷӯй  ба қайд  гирифта шудаанд.  Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 889 нафар  таъмин  шуданд. Соли 2018 11 ярмаркаи  ҷойҳои   корӣ  бо  пешниҳоди  160  ҷойи кории холӣ  гузаронида шуда,  дар  онҳо  23 корхона иштирок  намуданд.  Аз  ин  теъдод 120 нафар  ба   ҷойи  кор  роҳхат  гирифта, 230  нафар ба    касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, 80  нафар ба  корҳои  ҷамъиятӣ  сафарбар   шуданд.

   Барои рушди соҳибкории  шахсони  бекор  ба  49 нафар ба  маблағи  279,9 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст. Дар ноҳия соли 2018 379 ҷойҳои нави  корӣ  таъсис дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 ҷой зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 729,46 сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017-ум 21,08 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш  103 фоизро ташкил менамояд. Қарзи пардохти музди меҳнат ба маблағи 15,2 ҳазор сомонӣ боқӣ монда, нисбати нишондиҳандаи аввали сол 28,4 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Қарзи музди меҳнат асосан дар қитъаи техникии филиали “Тоҷиктелеком” боқӣ мондааст.

    Тибқи ҳисоботи оморӣ соли 2018 аз ноҳия 2684 шаҳрванд ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ  сафар  карданд, ки аз ин теъдод 2608 нафарашонро мардҳо ва 76 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз хориҷи кишвар 787 муҳоҷирони меҳнатӣ  (779 нафар мард, 8 нафар зан)  ба Ватан баргаштанд. Шумораи муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ дар ноҳия 35 нафарро ташкил медиҳанд.

   Соли 2018 муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар тариқи бонкҳо 58.159.399  рубли русӣ, 47022 доллари ШМА, 3 миллиону 805  ҳазор сомонӣ ва 50 евро  фиристодаанд.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code