0

Саршумори гусфанду буз ба 110527 сар расинида шуд

print

   Давоми шаш моҳи соли 2019 дар ноҳия саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 32235 сар, аз он ҷумла, модаговҳо ба 12755 сар, гусфанду буз ба 110527 сар, аспҳо ба 3751 сар, парранда ба 40867 сар ва занбури асал ба 2010 оила расонида шудааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори  чорвои калони шохдор 635 сар, аз ҷумла, модаговҳо 310 сар, саршумори гусфанду буз 1644 сар, асп 10 сар, парранда 275 сар ва занбури асал 12 оила  зиёд мебошад.

   Ҳамзамон дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гушт 51 тонна бо афзоиши 3.5 фоиз, шир 54 тонна бо афзоиши 3.0 фоиз, тухм 9.8 ҳазор дона бо афзоиши 1.9 фоиз, пашм 5 тонна бо афзоиши 1.8 фоиз  зиёд гардидааст.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code