0

ОРОМИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ МО АРЗИШ ДОРАД!…

print

Конфронси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки дар пойтахти Лаҳистони шаҳри Варшава дар масъалаи ҳуқуқи инсон шуда гузашт мо тоҷикистониёнро дар ҳайрат гузошт. Мо сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол фиребхурдаи бегонагон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида писарону, шавҳарон, фарзандон, наздикону пайвандон ва манзилҳои истиқоматиямонро солҳои навадум аз даст дода будем.
Бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон халқи бо фарҳанги тоҷик боз ба ваҳдати ягона расид. Аммо бадхоҳони миллат, ки аз аввал дар дил ғаразҳои нопок дошта, мехостанд Ватани биҳиштосои моро макони омодасозии террористону экстремистон ва гузаргоҳ барои хариду фурушӣ маводҳои сахттаъсири героину фуруши одамон табдил диҳанд ва ба мақсади нопокашон расида натавонистанд ва то ҳол ба хотири бозпасгардонии маблағхои гирифтаю ба иҷро нарасонидаи корҳои фармоишии хоҷагони хориҷиашон тамоми чораҳои лозимаро роҳандозӣ намуда обрӯю нуфӯзи Тоҷикистонро мехоҳанд дар арсаи дунё паст зананд.
Боиси таассуф аст, ки ин созмони байналмилалӣ САҲА гуруҳҳои ТТЭ ҲНИТ, Гуруҳи 24, Анҷумани озодандешони Тоҷикистон ва Паймони ба ном миллӣ ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди олии кишвар ҳамчун гуруҳҳои террористию экстремистӣ эълон намудаву давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ онро эътироф намудааст, боз анҷуману паймонҳои нав ташкил намуда, бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ ба ин созмонҳо роҳ пайдо намуда сохтори конститутсионии Тоҷикистон, ки дар 10 гонаи беҳтарин дар дунё карор дорад, эрод мегиранд.
Мардуми саодатманди кишварамон омодагиҳоро ба тантанаҳои ҷашнии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида истода ояндаи дурахшонро интизоранд ва онро ба заҳмату талошҳои бунёдкоронаи худ бо роҳбарии Пешвои муаззами худ хоҳанд сохт.
Мо ба гуруҳҳои болозикр, ки зодагони Тоҷикистон буда, бо тоҷикӣ сухан мегӯянд, мегӯем: Санг бар миллати худ мазанед! Нангу номуси ватандориро фаромӯш накунед! Обу хок, намаки кишварро пос доред! Ва аз ин порчаи мисраҳо ба худ ибрат гиред!
Ватан имрӯзи мо ояндаи мост,
Паноҳи мурдаву ҳам зиндаи мост!
Аз ин лиҳоз ҳар шаҳрвандро лозим аст, ки ба хотири рушду инкишофи минбаъдаи кишварамон ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳарвақта дида, бо дарки бештари масъулият меҳнати дучанд намуда, ба боварии Президенти маҳбубамон сазовор бошем ва нагузорем, ки ягон гуруҳ ва ё созмон кишвари моро тақдирашро ба даст гирад.

Муовини раиси
ноҳияи Темурмалик
Р.Талбакзода

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code