0

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

print

Тибқи реҷаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон  аз  15 июли  соли 2019, №7/110 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик рӯзи 29 июли соли 2019 нишасти матбуоти ҷиҳати инъикоси ҳамаҷонибаи муваффақияту  дастовардҳо ва камбудию норасогиҳои меҳнаткашони ноҳия давоми шашмоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои коллективҳои меҳнатӣ дар шашмоҳаи дуюми соли 2019  баргузор гардид.

   Дар нишасти матбуоти муовини якум, муовини соҳавии раиси нохия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис ва   мақомоти     иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, иқтисодиёту сохтмон, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони мутасаддӣ, ки даъват гардида буданд иштирок намуданд.

   Нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи темурмалик Аминзода Фотеҳи Файзулло оид ба дастовардҳои соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар 6-моҳи соли 2019 маълумот дод.

   Аз таҳлили ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия давоми шаш моҳи соли равон бармеояд, ки ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати иҷрои нақшаву дурнамо ва  барномаҳои тасдиқшуда тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро мусбат ҷамъбаст намуданд.

   БУҶЕТ: Давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 100 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 17 миллиону 223 ҳазору 894 сомонӣ маблағҳо ворид шуд. Қисми хароҷотии буҷети ноҳия 96 фоиз иҷро гардид.

        Маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ (субвенсия) ба миқдори 10 миллиону 68 ҳазору 546 сомонӣ (99.6 фоиз), аз буҷети вилоятӣ 990 ҳазор сомонӣ (80 фоиз) ворид  гардид.

   АНДОЗ: Ҳамзамон иҷрои нақшаи андозу пардохтҳои буҷетӣ 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 5 миллиону 872 ҳазору 104 сомонӣ, 6 миллиону 122 ҳазору 776 сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбини гардида 250 ҳазору 672 сомонӣ зиёд мебошад.

   Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмуъ 103 фоиз  ва иҷрои нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105 фоиз таъмин карда шуд. Сифатан иҷро намудани ҳамаи намуди андозҳо таъмин гардида, иҷроиш аз 100 то ба 145 фоизӣ расонида шуд.

   Ҳамзамон дар самти кам намудани бақияпулиҳо тадбирҳои   судманд  андешида  шуда,  қарзи   андоз   ба  1 июн дар қиёс нисбати аввали  сол 1 миллиону 71.3 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.

   Музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ ва маблағи нафақа пурра гузаронида шуда, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 89 фоиз, маориф  91 фоиз,  нигаҳдории  тандурустӣ  96  фоиз,  суғуртаи  иҷтимоӣ  ва ҳифзи иҷтимоӣ 75 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 87 фоиз, фарҳанг 94 фоиз, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ 99 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 84 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.

   С А Н О А Т : Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6 миллиону 954.6 ҳазор сомонӣ расид, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15.8 фоиз афзоиш ёфта,  947.6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

   Дар ин давра ба миқдори 2344.8 тонна орд, 457.3 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 20.6 тонна равғани растанӣ, 84 тонна гӯшт, 88 ҳазор дона хишти сементӣ, 435 метри мурабба симтур истеҳсол гардида, ба маблағи 253.1 ҳазор сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол карда шуд.

   Дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли орд 61 тонна бо афзоиши 2.7 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 9.8 тонна бо афзоишӣ 2.2 фоиз, гушт 0.8 тонна бо афзоиши 1.0 фоиз, хишти сементӣ 44 ҳазор дона бо афзоиши 2 баробар, симтур 7.5 метри мурабба бо афзоиши 1.8 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ба маблағи 248.9 ҳазор сомонӣ бо афзоиши 60.2 баробар зиёд гардиданд.

   Корхонаву коргоҳи аз фаъолият бозмонда вуҷуд надорад.

   С О Х Т М О Н : Аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 17 миллиону 370 ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ ба иҷро расонида шуд, ки дар қиёс нисбати  ҳамин давраи соли пешин 6.1 баробар ва  дар ҳаҷми 17 миллиону 93.3 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию  васлкорӣ  ба  анҷом  расонида  шуд, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2018-ум ба маблағи 14 миллиону 326.5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 6.2 баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон дар ин давра ба маблағи 14 миллиону 88.8 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, 223 мурабба хонаҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Айни замон сохтмони биноҳои нави мактаб дар деҳаи Шибанайи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус, деҳаи Қазоқи Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов ва дар Ҷамоати шаҳраки Совет; бинои нави клуб дар деҳаи Чилчаи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус ва сохтмони бинои коллеҷи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Кангурт идома доранд.

Аз ҳисоби маблағгузории сектори хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохтмони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва меҳмонхона, Корхонаи мебелбарорӣ, сохтмони бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ, ду иншоотҳои баландошёнаи Маркази хизматрасонӣ  ва  ғайраҳо  идома  доранд.

К И Ш О В А Р З Ӣ : Кишоварзони ноҳия дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 93 миллиону 11 ҳазору 600 сомонӣ расониданд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 103.2 фоиз афзоиш дошта, 2 миллиону 869.8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра хоҷагиҳо новобаста аз шакли моликият дар майдони 15905 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 150 гектар зиёд буда, аз он 13691 гектарашро зироатҳои ғалладонагӣ, 955 гектарашро зироатҳои техникӣ, 170 гектарашро картошка, 269 гектарашро сабзавот, 470 гектарашро полезиҳо ва 350 гектарашро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 19013,1 тонна, сабзавот ба 2852.4 тонна, картошка ба 2446.2  тонна ва мевагиҳо ба 260.4 тонна расонида шуд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо 342.8 тонна, сабзавот 69.8 тонна ва мевагиҳо 16 тонна зиёд мебошад.

   Дар баробари он содироти маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар идома дода, ба миқдори 450 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 тонна зиёд мебошад.

   Иҷрои нақшаи истеҳсоли пилла 100 фоиз таъмин гардида, ба нуқтаҳои қабул 5 тонна маҳсулот  супорида  шуд.

   Бо мақсади самаранок истифода намудани заминҳои корами обӣ, кишоварзон  баъди  гирифтани  ҳосили  якуми  зироатҳо  ба кишти такрорӣ шуруъ намуда, дар майдони 196 гектар кишт гузарониданд ва корҳо дар ин самт идома дорад.

   Тибқи Дурнамо дар ин давра дар майдони 88 гектар  боғи нав бунёд гардида, майдони 14 гектар боғҳои  куҳна  барқарор  карда  шуданд.

   Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 26.2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд, ки иҷрои 2.6 баробари нақшаро таъмин менамояд. Ҳамзамон барои мустаҳкам намудани базаи хурокаи кирмаки пилла 31 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шудааст.

   Саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 32235 сар, аз он ҷумла модаговҳо ба 12755 сар, гусфанду буз ба 110527 сар, аспҳо ба 3751 сар, парранда ба 40867 сар ва занбури асал ба 2010 оила расонида шудааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори  чорвои калони шохдор 635 сар, аз ҷумла модаговҳо 310 сар, саршумори гусфанду буз 1644 сар, асп 10 сар, парранда 275 сар ва занбури асал 12 оила  зиёд мебошад.

   Дар ин давра истеҳсоли гӯшт ба 1464 тонна, шир ба 1830 тонна, тухм ба 523.1 ҳазор дона, пашм ба 234 тонна, пилла ба 5 тонна, асал ба 20.6 тонна расонида шуд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гушт 51 тонна бо афзоиши 3.5 фоиз, шир 54 тонна бо афзоиши 3.0 фоиз, тухм 9.8 ҳазор дона бо афзоиши 1.9 фоиз, пашм 5 тонна бо афзоиши 1.8 фоиз  зиёд гардидааст.

   Саршумори чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 12315 сар (аз он 7500 сар маҳинпашм)-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла; дар хоҷагии зотпарварии  Кангурт  5902 сар,  аз  он  маҳинпашм  3880 сар,  дар  хоҷагии зотпарварии Оличабулоқ 4859 сар, аз он маҳинпашм 3254 сар ва дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Ҷ.Румӣ 1554 сар, аз он маҳинпашм 366  сар  мавҷуд мебошад.

   Чорводорон дар ин давра ҳамагӣ 982 сар гусола, нисбати соли гузашта 2 сар зиёд ва ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 44 сари гӯсола;  10249 сар барра, нисбати соли гузашта 2 сар зиёд ва ба ҳисоби миёна аз 100 сар меш 95 сарӣ барра; 230 сар тойча, нисбати соли гузашта 56 сар зиёд ва ба ҳисоби миёна аз 100 сар байтал 53 сарӣ тойча ба даст оварданд.

  ЗАХИРАИ ХОШОК: Бо мақсади аз зимистон солиму беталаф баровардани чорво соли равон захираи 52,2 ҳазор тонна хошок  пешбинӣ шудааст. Ба 1 июли соли равон ба миқдори 32739 тонна хошок захира карда шудааст, ки дар қиёс нисбати соли гузашта 2017 тонна зиёд мебошад. Соли ҷорӣ мавзеҳои алафдарав хеле зиёд ва серҳосил буда, мақсади кишоварзон аз талабот зиёд захира кардани  хошок  мебошад. Дар ин самт корҳо бо суръат идома дорад.

МАОРИФ: Дар 51 муассисаи таълимии ноҳия 13 ҳазору 817 хонанда (6631 нафар духтарон) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 975 нафар омӯзгорон, аз ҷумла аз ин шумора  317 нафарро  занон ташкил дода, ба онҳо таълим медиҳанд.

Дар 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 167 кӯдак дар 11 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар 34 Марказҳои инкишофи кӯдакон 42 гурӯҳ ташкил карда шуда, 826 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

       Дар ин давра аз Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ аз шумораи умумии 927 нафар хатмкунандагон, 793 нафар, аз ҷумла, 451 нафар писарон ва 342 нафар духтарон, ки аз онҳо 7 нафар ятими кул ва 56 нафар нимятим  гузаштаанд, ки  дар маҷмуъ 85.5 фоизро ташкил медиҳад.

   Иҷрои барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии ноҳия ба 146 фоиз расонида шудааст. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 592 компютер, 177 принтер, 4 сканер, 6 тахтаи электронӣ ва 9 видеопроектор мавҷуд буда, 7848 нафар хонандагони синфҳои 5-11-ро ба таълим фаро гирифтаанд. Ҳамзамон 38 синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ, 181 адад мизу курсии махсус барои кабинетҳо мавҷуд буда, 50 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ба таълиму тарбия машғул мебошанд.

   Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳо иштирок намуда, дар маҷмуъ соҳиби 26 медал, аз он 3 медали тилло, 11 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ гардиданд, ки аз ин шумора 1 медал аз рӯи олимпиадаи анъанавӣ ва 6 медал аз рӯи олимпиадаи фосилавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.

   Бо мақсади таъминот бо либоси мактабӣ ба шумораи 6909 нафар хонанда аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои дӯзандагии дар ҳудуди ноҳия фаъолияткунанда-Маркази хизматрасонии “Гулдастон” ва Маркази таълимию хизматрасонии “Меҳри Модар” шартнома баста шудааст ва ба ҳолати 1 июл 4173 баста ё ин, ки 60.4 фоизи онро корхонаҳои дӯзандагӣ омода намуда, аз ҷониби падару модарон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф 1158 баста харидорӣ шудааст. Илова бар он аз ҳисоби як нафар соҳибкорӣ ватанӣ 110 баста либоси мактабии духтарона ба хонандагони МТМУ №15 тақдим карда шудааст, ки дар маҷмуъ 1268 бастаро ташкил медиҳад, ки ба 18.3 фоизи шартнома баробар мебошад. То оғози соли нави хониш тибқи талаботи шартнома миқдори либосҳои мактабии дӯхташуда, аз ҷониби хонандагон ба пуррагӣ харидорӣ карда мешаванд.

   Мувофиқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” дар ин муддат аз ҷониби Дирексияи сохтмонии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони биноҳои нав дар назди муассисаҳои таълимии №1 барои 640 ҷойи нишаст, №4 барои 288 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби Лоиҳаи Бонки Исломии Рушд ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, №18 барои 240 ҷойи нишаст аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҶТ, аз тарафи соҳибкорон ва собиқ хатмкунандагон таъмири пурраи қисмати “Б”-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, бинои таълимии №39 ва кӯдакистони №1 идома доранд.

 ТАНДУРУСТӢ: Баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 1 дармонгоҳ, 2 беморхонаи минтақавӣ, 10 марказҳои саломатӣ, 28 бунгоҳҳои саломатӣ хизмат расонида истодаанд. Давоми шаш моҳи сипаригардида ба соҳаи тандурустӣ 3 миллиону 935.4 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

   Дар соҳаи тандурустии ноҳия 49 духтур, аз ин шумора 8 нафар бо категорияи олӣ, 6 нафар бо категорияи якум ва 11 нафар бо категорияи дуюм ва 331 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.

   Аз шумораи умумии духтурон 37 нафар дар беморхонаи марказӣ, 12 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ ва муассисаҳои дигари тиббии деҳот фаъолият карда истодаанд.

    Дар ин давра вазъи хизматрасонии тиббию санитарӣ беҳтар гардида, пеши роҳи зиёдшавии бемориҳои сироятӣ аз қабили дарунрав, зардпарвин, табларзаи хунин, саггазидагӣ гирифта шуданд. Аз 945 нафари таваллуд шуда, 940 нафари онҳо дар таваллудхона  ва  ҳамагӣ 5 ҳолати таваллуди  хонагӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7 нафар кам мебошад ва дар ин самт бо мақсади пурра дар муассисаи тиббӣ таваллуд шудани навзодон корҳои судманд роҳандозӣ шуда истодааст.

   Дар давраи сипаригардидаи соли 2019-ум 28 нафар бемори сил ба қайд гирифта шуданд. Ҳамагӣ дар зери назорати доимии ҳуҷраи духтури силшинос 374 нафар беморони сил қарор доранд.

   Шумораи гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам 53 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 17 нафарашон занон мебошад.

  ФАРҲАНГ: Дар ноҳия 39 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 13 муассисаҳои клубӣ (аз он, 1 Қасри фарҳанг, 2 хонаи фарҳанги деҳотӣ, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 9 клуби деҳотӣ), 23 китобхонаҳо (аз ҷумла, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 21 китобхонаи оммавӣ-филиалҳо), 1 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ, 1 мактаби санъати бачагона ва 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд.

   Дар ноҳия 23 китобхонаҳои оммавӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 80 ҳазору 43  нусха китоб маҳфуз аст. Аз ин шумора 43 ҳазору 917 нусха китобҳо бо  забони давлатӣ, 27 ҳазору 579 нусха китобҳо бо забонҳои русӣ ва 8 ҳазору 547 нусха китобҳо бо дигар забонҳо мебошанд.

   Давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон як бинои китобхона аз ҳисоби шахсони саховатманд сохта ба истифода дода шуд. Сохтмони бинои нави клуб аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар деҳаи Чилчаи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус идома дорад.

   Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 225 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузарониданд, ки дар онҳо 18824  нафар одамон иштирок  кардаанд. Барои рушди соҳаи мазкур аз буҷети маҳаллӣ 608.5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

   СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА: Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 5526 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 4459 нафар аз рӯи нафақаи меҳнатӣ, аз ҷумла 3172 нафар аз рӯи синну сол, 797 нафар аз рӯи намуди маъюбӣ, 451 нафар аз ҳисоби бесаробонмонда, 21 нафар барои хизматҳои дарозмуддат, 18 нафар нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ва 1067 нафар аз рӯи нафақаи иҷтимоӣ доштаро ташкил медиҳанд.

Ба ҳисоби миёна ба 1 нафақахӯр дар як моҳ 318.91 сомонӣ рост  омада, нафақаи шашмоҳи соли равон 10 миллиону 573 ҳазору 736 сомониро ташкил медиҳад, ки пурра пардохт карда шуда, қарздорӣ дар ин самт ба қайд  гирифта  нашудааст.

   ТАНЗИМИ АНЪАНА: Дар ноҳия 7 комиссияи доимоамалкунанда ва 102 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 хатнасури хайриявӣ, 443  тӯйи домодию арӯсӣ,  30 маросими чил, 22 маросими сол  баргузор шудааст, ки дар маҷмӯъ теъдоди умумии маъракаҳо 495 ададро ташкил намуда, хароҷоти умумии онҳо 1 миллиону 434  ҳазору 265  сомонӣ  мебошад ва ба ҳар як маърака 2897,5  сомонӣ рост меояд. Дар ин давра 4 қонуншиканӣ  ба қайд гирифта шудааст.

Дар ноҳия 3 масҷиди ҷомеъ ва 41 масҷиди панҷвақта амал дошта, фаъолияти онҳо зери назорати сохтору мақомоти марбута қарор доранд.

   МУРОҶИАТ ВА ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН: Давоми шаш моҳи соли равон ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 763 шаҳрванд, аз ин 601 нафар тарики хаттӣ ва 162 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намуданд.

   Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 9-то ба воситаи   мақомоти    иҷроияи   ҳокимияти  давлатии вилояти

   Хатлон ва 2-то ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.

   Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ворид гардида, 342 адад ба тобеият ирсол карда шуда, 47 адад қаноатбахш, 120 адад фаҳмонида шуда, 92 адад дар истеҳсолот қарор доранд. Аз шумораи умумии 162 адад муроҷиати шифоҳӣ, 20 нафар қаноатбахш гардонида шуда, 142 нафари дигар фаҳмонида шуданд.

       С О Ҳ И Л М У С Т А Ҳ К А М К У Н Ӣ : Бо мақсади эмин нигоҳ доштани заминҳои корами обӣ, роҳу пулҳо, хонаҳои шахсии шаҳрвандон, иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ давоми моҳҳои сипаригардидаи соли равон бо ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ, кӯмакҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳилҳои дарёи Сурхоб ба дарозии зиёда аз 2,2 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва мустаҳкам намудани садҳои муҳофизатӣ ба анҷом расонида  шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

         Омодагӣ  ба  ҷашни  30-солагии  Истиқлолият: Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 оиди вусъат додани корҳои  ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми нимсолаи аввали соли равон корҳои муайян ба иҷро расонида шуданд.

         Ҷараёни корҳо дар 248 иншоотҳои дар нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба корҳои ободонию ба тартибдарорӣ ва созандагию бунёдкорӣ вусъат дода шуда, ба ҳолати 1 июли  соли  2019  дар маҷмуъ 88 иншоот ё 35.5 фоизи онҳо сохта ба истифода дода   шуда,   дар  117   иншоот   ё   47.2   фоизи  онҳо  корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар 43 иншооти дигар ё 17.3 фоизи онҳо корҳои лоиҳакашию ҷудо кардани қитъаҳои замин ва ба расмият дарории ҳуҷҷатҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта,  вақтҳои  наздик  корҳои  сохтмонӣ оғоз карда мешаванд ва мӯҳлати ба истифодадиҳии ин иншоотҳо солҳои 2020-2021 пешбинӣ гардидаанд.

    Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 8 иншоот, аз ҷумла, меҳмонхона барои 15 ҷойи хоб, пули мошингузар, иншооти меҳмонхонаву тарабхона бо ҷои бозии кудакона, баъди пурра азнавсозӣ намудан беморхонаи қитъавии №2, хати оби нӯшокӣ ба масофаи 1.2 км, осиёби барқӣ, китобхона, нуқтаи фуруши сӯзишворӣ, ҳамзамон бахшида ба ҷашни 22-умин солгарди Ваҳдати миллӣ 7 иншоот аз ҷумла, нӯқтаи фуруши маводҳои сӯзишворӣ, Маркази хизматрасонӣ иборат аз кошонаи ҳусн, мағозаи тиҷоратӣ ва нӯқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, иншооти кошонаи ҳусн ва сартарошхона,  нӯқтаи фурӯши маводҳои сӯзишворӣ, ду иншооти Марказҳои хизматрасонӣ ва бинои дорӯхона сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.

   Бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид дар боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Бобоюнуси Ҷамоати шаҳраки Совет ҷиҳати азнавсозии боғ қарори раиси ноҳия ба тавсиб расида, ҳамзамон лоиҳаи нави он тасдиқ гардид.

   Дар нақшаи чорабиниҳо бунёди 32 муассисаҳои таълимӣ, 8 муассисаҳои томактабӣ, 23 майдончаҳои варзишӣ, 7 толорҳои варзишӣ, 2 беморхона, 13 бунгоҳи тиббӣ, 8 дорухона, 6 китобхона, 3  қасри фарҳанг, 9 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 4 меҳмонхона, 17 сартарошхона, 15 кошонаи ҳусн, 14 ҳамом, 2 корхонаи коркарди шир, 7 коргоҳи дӯзандагӣ, 11 дӯкони ҳунармандӣ, таъмири 80.7 км роҳҳои маҳаллӣ, кашидани хатҳои барқӣ ба масофаи 12,5 км ва хати оби нӯшокӣ ба масофаи 40.7 км пешбинӣ гардидааст.

   Аз намояндагони ВАО бошад дар нишасти матбуотӣ   намояндагони Рӯзномаи «Ҷумҳурият», «Новый Хатлон», «Фараж» «Нақлиёт», «Пайк», «СССР» , «Минбари Халқ», «Азия Плюс», рӯзномаи ноҳиявии «Истиқлол» ва ҳафтаномаи «Омӯзгор», аз шабакаҳои телевизионии ТВ «Тоҷикистон», ТВ «Ҷаҳоннамо», ТВ «Хатлон», ТВ «Синамо» аз намояндагони  Радиои  «Хатлон» ва радиои  «Озодӣ», рӯзноманигорони мустақил ва  сармутахассиси шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб иштирок намуда, ба саволҳои хеш ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code