0

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Фалҳобод

print

   Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оиди ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо маҳал дар асоси ҷадвали вохурию мулоқотҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия , дар деҳаи Фалҳобод , Ҷамоати деҳоти Қарақамиш, ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, рӯзи 17-декабри соли 2018 бо сокинони деҳаи номбурда баргузор гардид.

   Дар рафти мулоқот нахуст хониши сиёсӣ дар мавзуъҳои самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, дар масъалаҳои 24-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳи пуршарафи тайкардаи он, хизматҳои беназири Раиси Муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштирок ва ҳамкории бевоситаи вакили ҷамоат, Насимов Нурулло, сокини деҳа ва фаъолони деҳа гузаронида шуд.

   Сипас, бо иштироки зиёда аз 120 – нафар сокинони деҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гашт . Дар намоиш дастовардҳои ҳунарии сокинони маҳалла ба маърази тамошо гузошта шуд. Ҳамчунин дар рафти намоиши ҳунарҳои мардумӣ сокинони деҳа барномаи фарҳангии рақсу бозӣ ташкил намуданд. Зимни ҷараёни чорабинӣ дар деҳаи Фалҳобод , Ҷамоати деҳоти Қарақамиш, ноҳияи Темурмалик раиси кумитаи маҳалла Мирасов Маҳмадулло иштирок ва баромад кард. Дар охири мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва намояндаи Ҷамоати деҳоти Қарақамиш, ноҳияи Темурмалик Насимов Нурулло ба ташкилкунандагони намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд. .

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code