0

Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист.

print

   Имрӯз дар ноҳияи Темурмлаик  Меҳргон – яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинаҷод, ки маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё шуд, бо шаҳомати хос таҷлил гардид.

   Дар хиёбони фавораҳои маркази ноҳия намояндагони ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, инчунин кишоварзону хоҷагидорон беҳтарин намунаҳои маводи кишоварзӣ ва маҳсулоти истеҳсолӣ тавлидгаштаи худро манзури тамошогарон намуданд. Сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон ба тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ омада, аз заҳамоти кишоварзон, инчунин онҳое, ки дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба коркарди маводи кишоварзӣ машғуланд, ситоиш мекарданд.

   Фазои намоишгоҳ дар воқеъ иди фаровонӣ, ситоишу ниёиши меҳр, рамзи аҳду паймон, ваҳдату ягонагӣ, дӯстиву муҳаббатро мемонд. Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Дар баробари кишоварзон, инчунин ҷавонон толибилмони муассисахои таълиммӣ ва донишҷуёни колеиҷи тиббии ноҳия дар намоишгоҳ беҳтарин маҳсули ҳунарҳои мардумии худро аз қабили дарздузӣ, сузандузӣ, қуроқдузӣ, таому хуришҳои миллии тоҷиконро мавриди тамошо пешниҳод намуданд.

   Раиси ноҳия Аслзода Эмомиддин ва ҳайати ҳамроҳонаш аз намоишгоҳ дидан карда, бо маҳсули дастранҷи деҳқонони ноҳия шинос шуд ва ба онҳо баҳои баланд дод. Сипас, дар майдони марказии ноҳия маросими тантанавии таҷлили Меҳргон баргузор гардид.

    Дар оғоз Аслзода Эмомиддин ба сухан баромада, ҳозиринро бо ҷашни Меҳргон таҳният гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки Меҳргонро таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Меҳр номи офтоб буда, дар ойини Сосониён дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки сурати Офтоб дар он буд, ба сар мегузоштанд. Ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд. Суфраи ҷашни Меҳргон бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда менамуданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. Хулоса, Меҳргон баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст.

   Дар фарҷоми ҷамъомад ба муносибати Рӯзи меҳргон ҳунармандони бахши фарҳангӣ ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи хешро баҳри болидаруҳии сокинон пешкаш намуданд.

 

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code