0

Маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик

print
     Рӯзи 29 июли соли равон маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид. Дар маҷлис ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид аз натиҷаи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ дар нимсолаидуюми соли равон, интихоби аъзои нави Раёсат ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик , обуна ба нашрияҳои ҳизбии “ Минбари Халқ “ ва “ Ҳамрози Халқ “ барои соли 2020, тасдиқи протоколҳои ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик вобаста ба ҳаракати аъзои ҲХДТ , тағиру иловаҳо ба буҷҷаи даромад ва хароҷотҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик барои нимсолаи дуюми соли 2019 , ва масъалаҳои ҷорӣ шунида шудаанд.
    Дар ҷараёни маҷлис Аминзода Фотеҳ Файзулло бо ҷонибдории аксарияти иштирокчиён аъзои Раёсат ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик интихоб гардид. ОиҲамчунин 8-адад қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик оид ба қабули 12 – нафар ба аъзогии ҲХДТ баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд. Дар идомаи маҷлис вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ маҷлис дар вазъияти тантанавӣ ба як гӯруҳ аъзоёни нави ҲХДТ ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Дар кори маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва аъзои Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Темурмалик муҳтарам Аминзода Фотеҳ Файзулло иштирок ва баромад карда, аъзоёни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва тамоми ҳозиринро даъват намуд, ки ҷиҳати беҳдошти корҳои ҳизбӣ ва боз хам беҳтар намудани фаъолияти худ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code