0

Фаҳмонидани муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони фаъоли кишвар

print

    Вохурии гуруҳи кори таблиғотӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов Дар ноҳияи Темурмалик бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо бо шумули намояндагони бахши занон ва кор бо оила ва бахш оид ба корҳои дин, танзими анъанаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомотҳои қудратӣ, ходимони ва дин ҷиҳати ташвиқу тарғиби суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил карда шудааст.

    Дар доираи ҳамин чорабинӣ, рӯзи 24 майи соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов вохурии гуруҳи корӣ бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ доир гашт. Вохуриро роҳбари гуруҳи корӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ҳусни ифтитоҳ бахшида, таассуротҳояшро аз ин вохурӣ баён намуд.

    Дар ҷамъомад ҳамчунин имом-хатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Темурмалик Доробов Абдулвадуд, сармутахассиси бахши занон ва кор бо оила Мирзошоева Гавҳарбӣ, ҳамчун иштирокчии бевоситаи ин мулоқот ва сардори шуъбаи амнияти ноҳия Бедилов Ҳасан дар назди ҳозирин баромад карда, маълумотҳои муффасал доданд.

    Дар вохурӣ, ки зиёда аз 180-нафар сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов, иштирок доштанд, аз ин вохурӣ таассуроти нек бардоштанд. Айни замон вохуриҳои фаҳмондадиҳии гуруҳҳои корӣ оид ба таблиғу ташвиқи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома доранд.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code