0

Дини ислом – дини насиҳатгар аст.Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа

print

   Семинари сайёри омӯзиши дар мавзӯи “Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа”, ки бо ташаббуси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз рӯи ташаббусҳои оламгир ва баромаду суханрониҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 июл то 20 июли соли 2019 дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гузашт, хеле хотирмон ва таъсирбахш буд.

   Мавзӯи семинари сайёр аслан аз маънои “дин насиҳат аст” эътиқоди дини байни пайравони мазҳабӣ ҳанафӣ ва шиаи исмоилия буд, ки аз оғоз то анҷомаш хеле таъсирбахш ва манфиатбахш буд. Дар ҳайати кории мо аз гӯшаю канори мамлакат сархатибон, имомхатибон коршиносони дин исломшиносон аз ҷумла раису ҷонишиноии Кумитаи  дин, раиси Шурои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Абдулқодирзода, директори маркази исломшиносии назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Баротзода ва дигар шахсони расми буданд.

   Мақсади аслии семинар дар бораи таълимоти ислом ва мақому мароми мазҳабӣ ҳанафӣ бо ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо мазҳабӣ шиаи исмоилия буд. Зеро солҳои охир дар баробари хатарҳои мухталифе буҳрони молиявӣ ва носозгории абарқудратҳои олам ҷиҳати тақсими бозорҳои ҷаҳон, экстремизму терроризм барин падидаҳои нанговару даҳшатзорро ба номи поки ислом иснод оварда, дар ин замина мазҳабҳоро бо ҳам ҷанг меандозанд.

   Бадбахтиҳои нангине, ки дар заминаи дин дар мафкура ва шуури пайравони гурӯҳои номатлубуномақбули мазҳабӣ пайдо ва ривоҷ ёфт, душманон тавонистанд, ки дар Миср, Тунис, Алҷазоир, Ироқу Сурия, Либия дар Афғонистон аслан ҳанафи-мазҳаб ҷангҳои қавмӣ ва миллатгароирро ба вуҷуд овард. Мамлакати Яман ба давлати Арабистони Саудӣ аз пушти мазҳабҳои суннӣ ва шиа ба оқибатҳои тундгароиву зӯрӣ-яроқ даст заданд.

  Маҳз ҳамин бадғалатфаҳмиҳо дар ақидаҳои баъзе нотавонбинон буд,ки мазҳаби ҳанафӣ ва шиа бо дигар ҷараёнҳои носозгор солҳои 90-уми асри xx Тоҷикистони нав ба даст овардаро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Ҳизби сиёсии дини ҲНИТ аз истифодаи ғаразнок, тафриқандозии беасос дар масоили динӣ ва мазҳабӣ ба табадуллоти моҳи сентябри соли2015даст зад.

   Хавфу хатарӣ гурӯҳи номатлуби фитнаангези салафия низ аз назҳабӣ динӣ кам набуд  ва нест. Салафия, ки шакли бисёр дағал ва ошӯбаангези воқеияти солҳои охир буд, то ҳол байни омма дар шуру шар барангехтан сайю кӯшиш карда, ба ин равия бо пулу мол майнаи ҷавононро гиҷ месозад. Душманони дини ислом аз ягон хел фитна ва дасиса худро дур нагирифта, байни мазҳабӣ ҳанафӣ ва баъзан шиаи исмоилия, ки аслан мардумӣ Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд, рахна андохтани мешаванд.

   Тамоми руҳониёни кишвар, имом-хатибони масоҷид, ҳайати кормандони Маркази исломии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои  он аз рӯи дастурҳои ҳамешагии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаҳми хатари оқибати ҷудоиандозиҳо огоҳ ҳастанд. Аз ин хотир мо дар мавъизаҳои рӯзҳои намози ҷумъа, дар байни мусалмонон, аслан онҳое, ки ба дини ислом гаравидаанд, корҳои оммафаҳмонӣ мегузаронем. Ва ба гуфтаҳои  болои суханони Пешвои-миллат кор мебарем.

   Ҳодисаҳое,ки дар ин ё он минтақаи кишвар аз боиси салафиҳо рух медиҳанд, моро хушдор медиҳад, ки ба мардум ҳақиқати дини ислом маҳз мазҳаби ҳанафияро фаҳмонем. Ба дигар дину мазҳабҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон амал доранд, кинаву адоват нахезонем. Чуноне, ки сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ гуфтааст: “Мо вазифадорем, ки барои ҳифзи ҷомеа азтаъсири манфии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби хатарзо нигоҳдоштани сулҳу ороми, ваҳдати миллӣ суботи сиёси ватаъмину таҳкими амнияти давлат ва халқамон ҳамеша омода бошем!”

   Ва пайдост, ки дар сиёсати Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги динӣ ҳамчун ҷузъи  ҷудонопазири фарҳанги миллӣ эътирофшудааст. Ин ба ҳамин маъност, ки дин дар Тоҷикистон неруи фарҳангофарини дорад. Ҷузъи фарҳанги мавҷудаи миллат ҳам дар динни мубини ислом эҳдо аст…

   Вақто, ки корвони “Ваҳдат-омили ягонагӣ ва суботӣ ҷомеа”-и мо ба ноҳияи Дарвоз расид, дар истироҳатгоҳи “Чорчашма”-и ноҳия истиқболи гарму дӯсти баргузор гашт. Ҳам мазҳабҳои ҳанафии мо аз дидани уламоҳои номдори кишвар хурсандӣ карда, дар суҳбатҳо ва баромадҳои хеш ибрози назар карданд,ки мазҳабӣ ҳанафӣ дар ноҳия, мазҳаби устувор ва пешқадам аст.

   Дар Вилояти Кӯҳистони Бадахшон мазҳабӣ ҳанафӣ аслан дар ду ноҳия – Ванҷ ва Дарвоз амал мекунад. Ва дар ин деҳоти ин ноҳияҳо масҷидҳои зебои панҷвақта амал доранд. Имомхатибони ин масҷидҳо шахсонидори маълумоти олӣ ва миёнаи дини ислом ҳастанд.

   Дар ноҳияҳои дигари Бадахшон ба ҷои масҷидҳо марказҳои “Ҷамоатхонаҳо ” амал мекунанд, ки ба онҳо ба ҷои имомҳо халифаҳо роҳбари менамоянд. Дар “Ҷамоатхона”-ҳо шароитҳои хуби корӣ ва ибодат мавҷуд буда, намози панҷвақта нест. Таълимоти динӣ аз рӯи равияи шиаи исмоилия ба амал бароварда мешавад.

    Таърихи шиаи исмоилия ба имомия-яъне дувоздаҳ имом, ки асли насаби онҳо аз таърихунасли шаҳиди Карбало Ҳусейн оғоз мешавад. Шиа ё шиат аслан маънии тарафдор гуфтан аст. Тарафдорони ҳазрати Алӣ (р), Фотима духтари пайғамбар (с) худро шиат хондаанд. Эътиқод ва самимияти мардуми Димишқ, Суриёниҳо ва Эрониёнба Али (р) ва пайвандони вай аз он шуруъ шуд,ки лашкари чорҳазорнафараи Язид писариМуовия дар дашти Карбало лашкари хурди Ҳусейнро бо ҳаммаслаконаш ба қатл расонд. Баъдтар ин қабила ба худ хоси динӣ – рӯзи ашӯро гирифта, мардуми Эрон ва қисми шиамазҳаби Ироқ ба расму русуми динӣ онро ба қайд мегирифтагӣ шуданд.

   Ин амалро сунниҳо бидъат хонданд. Ва бисёр вақт душманӣ ҳанафиҳо бо шиаҳо аз ин кор рӯ мезад. Шиаҳо тули чандин аср дар Эрон динӣ исломро дар байни омма бо ташвиқоти зидди уммавиҳо мегузарониданд. Ин тарғибот аз соли 720 баъди халифаи порсо Умари II шуруъ шуда, ба Аббосиҳо имкон доданд, к ибо ёрии шиаҳои Эрониён хилофатро ба даст оваранд.

   Байрақҳои сиёҳи Аббосиҳо ба муқобили байрақҳои сафеди Умавиҳо саф ороста, хешу табори Умавиҳо таъқиб ва бераҳм қир карда мешуд. Аббосиҳо панҷ аср (750-1258) сари ҳокимият буданд. Империяи Фотимаҳо бошанд дар Миср ваСурия ҷазираҳои баҳри миёназамин ва Африқои Шимоли то ба уқёнуси Атлантик фарогир шуда буд.

   Бо мурури замон баъди 1400 соли  даргузашти пайғамбар (с) дар динӣ ислом рахнаҳо ба вуҷуд омад. Анқариб 73 мазҳабу равияҳо пайдо шуда, бисёри онҳо ба ҷуз мазҳабӣ ҳанафӣ, шофеи, моликӣ ва ҳанбалӣ баъзан ба таҳриб (ба хашм овардан, душмани барангехтан) даст заданд. Як гурӯҳи дигарро паст зада боиси хунрезӣ ва ҷангу ҷидолҳои зиёд гаштанд.

   Ин амал солҳои 90-уми асри хх  дар Тоҷикистон (аниқтар аз соли 1990 то 1997) ба хунрезиҳои ноодилона оварда расонд. Шукр ба даргоҳи Худованди Карими 18 ҳазори олам, ки тавассути фарзанди миллатӣ тоҷик Эмомалӣ Раҳмон он нохушиҳо ва пастзаниҳо дар Тоҷикистон барҳам зад. Дӯстӣ ва рафоқатро байни мардуми шимолу ҷануб ва шарқу ғарби кишварро пойдор гардонд.

   Маҳз, аз ин амалу Салоҳияти Ватан бо шиори “Ваҳдат-омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа” мо дар Бадахшон тули як ҳафта дар иҳотаи дӯстони бадахшӣ бо барномаи махсус сафар карда, якдигарфаҳми намудем.

   Дар суханрониҳои муовини якуми раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов, раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон Пирхон, директори маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода раиси Шӯрои маркази исломии мамлакат Саидмукарам Абдуқодирзода, намояндаи прокрори ВМКБ Носир Нафасбеков, намояндаи кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имоми исмоилия Парвонаи Фаррухзод, раиси намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” дар Осиёи Марказӣ Абахон Султонназаров, намояндаи амният Парвиз Додхудоев ва котиби исломшиноси дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марамбек Марамбеков ва чанде дигарон маҳз ваҳдату ягонагӣ, худшиносиву ифтихори миллат, пос доштани муқаддасоти Ватан сухан рафт.

   Аз нигоҳи ман ин симинари сайёр як чорабини пуршукуҳе буд, ки таърихи мардуми ВМКБ  мислашро ягон аср ёд надошт ин чорабини сайқали дилҳо мафкураи ҳамдинаии исломро боз поктар кард. Нишастгоҳи дӯстонаи расмӣ ва ғайрирасмие, ки дар ноҳияҳои Бадахшон ба аҳли корвониёни Ваҳдат баргузор гардид, боз як бори дигар ғояҳои беназири Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи дӯстӣ рафоқат ва ҳамфикрӣ тақвият бахшид.

   Ман бардошти ихлосу эътиқоди хешро аз ин сафар дар намозҳои ҷумъа бо намозхонон ва ҷамъомадҳои Ҳукумати ноҳия иброз карда, пешниҳод доштам, ки инчунин сафарро бояд мардуми Бадахшон хусусан халифаҳои ҷамъомадхонаҳо ба вилояти Хатлон ва Суғд ба анҷом расонанд. Зеро динӣ ислом,динӣ маслиҳатгар, динӣ пешқадам, динӣ сулҳпарвару дӯстпарвар аст.

Абдулвадуд Доробов  сархатиби ноҳияи Темурмалик

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code