0

Ба истифода додани пули мошингузар дар деҳаи Булакдашт

print

   Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дигар амалҳои хайр дар ноҳияи Темурмалик вусъати тоза дорад.

   Дар Ҷамоати деҳоти ба номи С.Раҳимов тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкоӣ иборат аз 24 банд тасдиқ карда шудааст.

   Солҳои зиёд буд, ки мардуми деҳаи Булакдашт, ҷамоати деҳоти ба номи Саидмӯъмин Раҳимов барои ворид гаштан ба дохили деҳа аз набудани купрук мушкилоти зиёд доштанд . Хушбахтона бо пешниҳоду ташаббуси сокинон ва соҳибкорони деҳа тасмин гирифта шуд, ки кӯпрукро ба таври ҳашари дастаҷамъона бунёд намоянд .

   Ба муносибати истифода додани гузаргоҳи деҳаи Булакдашт, ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия Аслзода Эмомиддин Муҳриддин, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба корҳои бунёдкори дар ҷамоат ва дигар шахсони даъватӣ  баргузор шуд.

   Сокинони деҳаро ба ин рӯзи хурсандӣ раиси ноҳия муборакбод  гуфта, ин амали неки ватандӯстонаи онҳоро дастгирӣ намуданд.

   Мавриди зикр аст, ки дар ин кори хайр дигар зодагони деҳа, ки берун аз ноҳия кору фаъолият доранд, саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Инчунин дар ин руз бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани соли 2018-Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин муаффақона ҷамъбаст намудани ин ташаббуси наҷиб бо  иштироки  кулли  сокинони  деҳа  ва  ҳунармандону  кишоварзон  деҳаи Булакдашт намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки бо заҳмату меҳнати зиёд омода карда шудаанд,  доир карда шуд, ки дар  намоиши   ҳунарҳои  мардумӣ  дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагию косибӣ, дуредгарӣ, хӯрокҳои миллӣ, кишоварзӣ ва ғайра  ба маърази тамошо гузошта шуд.

   Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар дигар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи С.Раҳимов бо дастгирии соҳибкорону сокинони ҷамоат корҳои созандагию бунёдкорӣ аз қабилӣ Сохтмони роҳи мошингарди байни Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов то деҳаи Хуррамшаҳри Ҷамоати деҳоти ба номи И. Шарифови ноҳияи Данғара дар масофаи 22 км, Гузаронидани корҳои таъмирӣ ва сангфарш намудани роҳи деҳаи байни деҳаҳо, Таъмири асосӣ намудани Беморхонаи ноҳиявии №2, Сохтмони бинои нави мактаби №4 барои 288 нафар хонанда ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ маишӣ ва хизматрасонӣ бо маром идома доранд.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code