0

Бобоюнус-баргузории намоиши ҳунариҳои мардумӣ

    Бо мақсади ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита  бо маҳал ва бобати  баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия, дар деҳаи Чилча, Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус, ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси  КИ  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Раҷабов Ҷаҳонгир,  рӯзи  07 сентябри  соли 2018 бо сокинон баргузор гардид.  Зимни мулоқот нахуст  хониши сиёсӣ дар мавзуи самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иштирок ва  ҳамкории бевоситаи вакилони ҷамоати номбурда   гузаронида шуд .

   Доир ба суханронии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  вакилиони ҷамоат, сокинон деҳаи Чилча Сайфуллоев М ва Давлатов Ҳамроҳ,  вобаста ба ин хониши сиёсӣ,  андешаҳои худро баён карданд. Сипас бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 120 нафар ҳунармандону кишоварзони моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ташкил  карда шуд. Зимни намоиш аҳли сокинони деҳаи Чилча,  дастовардҳои ҳунарии худ ва маҳсулотҳои кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд.

   Дар охири мулоқот раиси КИ  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик  Раҷабзода Маҳмадсаид ва раиси ҷамоати деҳоти номбурда Асомуродов Қурбоншоҳ  ба аъзоёни нави ҲХДТ дар вазъияти тантанавӣ ҳуҷҷатҳои ҳизбиро супориданд .

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code