0

Баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Давад-Ҳалқаёр

print

    Бо мақсади ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита  бо маҳал ва бобати  баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия, дар деҳаи Давад-Ҳалқаёр, Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус, ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Раҷабов Ҷаҳонгир, рӯзи  05 сентябри  соли 2018 бо сокинон баргузор гардид.  Зимни мулоқот нахуст  хониши сиёсӣ дар мавзуи самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иштирок ва  ҳамкории бевоситаи вакилони ҷамоати номбурда   гузаронида шуд.

    Доир ба суханронии раиси  КИ  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид вакили ҷамоат ва ҳамзамон вакили маҷлиси вакилони маҷлиси ноҳия, сокини деҳаи Давад-Ҳалқаёр Давлатов Ҳамза ва раиси кумитаи маҳалла Солиев Файзидин, вобаста ба ин хониши сиёсӣ, андешаҳои худро баён карданд Сипас бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 100 нафар ҳунармандону кишоварзони моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ташкил карда шуд. Зимни  намоиш аҳли сокинони деҳаи Давад-Ҳалқаёр,  дастовардҳои ҳунарии худро ба маърази тамошо гузоштанд.

   Дар охири мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ба аҳли ҳунармандону кишоварзони деҳа барои иштироки фаъолонашон изҳори миннатдорӣ баён намуд. Дар мулоқот намояндаи ҷамоати деҳот Саидмаҳмуди Саидмуҳиддинзода иштирок ва баромад кард.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code