0

Ба номи миллат хиёнат накунед!..ё ифротгарои кори мусулмон нест.

print
Дар байни чор мазҳаби ислом ду соҳиб мазҳаб ҳазрати Имоми Аъзам ва Имом Ҳанбал аҷами буданд.
Пайғамбар (с) ба мардуми форс таваҷҷуҳи калон зоҳир кардааст. Ва ҷое инро ба мисол гуфтааст: «Беҳтарини аҷам форс аст». Айнан ӯ гуфтааст: «Биҳиштиён ба забони арабӣ ва аҷамӣ такаллум мекунанд». Рӯзе Ҳазрати Муҳаммад (с) оятеро мехонд. Маънои оят ин аст, ки «агар эй араб, Шумо аз ин дин рӯй бигардонед, қавме пайдо хоҳад шуд, ки кори ин динро пеш хоҳанд бурд. Асҳоб аз ӯ суол карданд, ки он кадом қавм аст? Дар ин асно Салмони Форс дар паҳлӯи ӯ нишаста буд. Пайғамбар (с) гуфт: «Қавми Салмони Форс кори ин динро ба шоистаги пеш хоҳанд бурд».
Ин баҳои пешвои ислом барои мо мардуми тоҷик дар байни мусалмонони ҷаҳон боиси ифтихор ва сарфарози аст. Моро лозим меояд, ки дар баробари дини муқаддаси ислом ба тоҷик будани худ фахр намоем. Нагузорем, ки тоҷик ба асли худ хиёнат намояд.
Чанде пеш аз рӯзномаи «Тоҷикистон» ман сӯҳбати мухбири газета Одил Нозирро бо собиқ муовини раиси «Паймони миллии Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев, аз 19 феврали соли 2019 мутолиа кардам. Номбурда, таи 6 сол аз Ватан дур буд бо нағораи «Гуруҳи 24» (сардораш Умарали Қувватов), ҲНИ (сардораш М.Кабирӣ) ислоҳотпарварӣ мекард. Вақто ки ҲНИ худро дар ҷаҳон ҳамчун ташкилоти экстремисти – террориситӣ бадном кард, ҳаммаслакони М.Кабирӣ қартаашонро чаппа монда ба ном ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон»- ро дар хориҷ таъсис доданд.
Ҳадафашон танҳо якто: « Бо кадом роҳе ки набошад, табаддулот карда, ба сари қудрат оянд …»
Аз пушаймонии Ш.Гадоев маълум аст, ки ӯ бо сирру асрори М.Кабирӣ ва думравони вай огоҳи ёфт. Ва нағз фаҳмид, ки тоҷик ба муқобили Ватани тоҷикаш бо дастури хоҷагони хориҷи ҷанги идеологӣ, ғаммозӣ. хиёнаткорӣ даллагӣ ва «бепадари» карданианд. Аз роҳаш гашт ва имрӯз пушаймони мекунад. Чуноне, ки чандин фиребхурдагони дигари ҲНИ ва дигар ташкилотҳои ба ном мухолифи Тоҷикистон, ки хатои худро фаҳмиданд.
Тоҷикистон имрӯз кишвари солҳои 90 – уми асри ХХ нест. Тоҷикистон тули 28 соли Истиқлол чунон пеш рафт, ки анқариб роҳи сад соларо тай намуд. Худи Шарофиддин Гадоев баъди 6 соли «ғарибӣ» шаҳри Душанберо дида, чунин тағйироти куллиро ҳатто интизор набудам мегӯяд.
Барои мардуми тоҷик ва тамоми ҷаҳониён воқеаҳои ҷанги Афғонистон, ки тӯли беш аз 40 сол идома дорад, бояд сабақ бошад. Монеаҳои сулҳ дар Афғонистон аввал дар он аст, ки бегонагон ба ин кишвар роҳбари мекунанд. Дуюм, мусолиҳаи миллӣ нест. Афғонистон бисёрмиллат буда, мазҳабҳои бегона ба мазҳаби сунии-ҳанафӣ ба ҳам нестанд. Дар Афғонистон 19 сол боз неруҳои ҳарбии хориҷи қарор доранд. Агар пештар 2 гуруҳи террористӣ дар Афғонистон амал мекард, ҳоло он ба 43 гуруҳҳои террористӣ фаъол шудаанд.
Вақто, ки 76 ҳизби сиёсӣ, беш аз 2000 расона дар ин мулк ҳадс мезананд, ягонтои он барои халқи афғон таъсиргузор нестанд. Бозингарони сулҳи Афғонистон 2 – то мебошанд. Яке давлатӣ ва дигаре ғайридавлатӣ. Онҳо ба ҳам ҳеҷ мусолиҳа надоранд. Ин аст, ки сулҳ дар ин мулк кашол ёфта, ҳазорҳо ҳазорҳо одамони бегуноҳ қурбон шуда истодааст.
Мақсади ман аз ин мисолҳо он аст, ки сабақи ҳамсоя барои мо дарс бошад. Ва мо нагузорем, ки бегонагон ба мулки мо роҳбар бошанд.
Ва ба «наҳзатиёни ислом», ки ба умеди бегонагон шуда, аз дунболи онҳо гашта истодаанд гуфтаниам, ки ҳади худро шиносед. Ба бегона не, ба халқи хеш сар фуруд оваред. Халқи тоҷик авфпазир аст. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолият беш аз 15 фармони авф ва бахшишҳоро ба тасвиб расонд.
Бозии ҷанг, бозии ғаразҷӯӣ, бозии тӯҳмату ғайбат, бозие, ки бунёдаш харобкорӣ ва фасод аст, ба ягон кас некӣ наовардааст. Худованд ҳамеша хостгори он аст, ки инсон аввал эҳтирому меҳрӯбонӣ, садоқат ва вазифаи мӯъминиашро ба аҳли оила, ҳамсоя ба халқу Ватани худ намояд.
Дар ояти 90 уми сураи « Наҳл» омадааст: « Ҳамоно Худо ба инсофу некӯкорӣ ва ошти кардан ба хешовандон мефармояд ва аз беҳаёи ва кори нописандида ва бедодӣ манъ мекунад; шуморо панд медиҳад, то бувад, ки шумо пандпазир шавед!» Кори наҳзатиёни исломии тоҷик ба қатлу куштор оид буд. Худованд боз дар сураи «Нисо» ояти 93 – юм мефармояд! « Ва ҳар ки муъминеро барқасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дузах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст». Дигар ба шарҳи ин оят мазмуне надорам.
Чунки ифротгарои аз нигоҳи ислом кори баду бисёр нанговар аст. Аз ин рӯ, эҳтиёт бояд, шуд, ки ба ғазаби Худованд гирифтор нашавем!..

Сархатиби масҷиди ҷомеъи марказии ба номи Имом Абуҳанифаи ноҳияи Темурмалик Доробов Абдулвадуд.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code