0

ҲАМЛАИ БА ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ “ИШҚОБОД” АЗ ҶОНИБИ ТЕРРОРИСТОНРО, СОКИНОНИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК ЯКДИЛОНА МАҲКУМ НАМУДАНД.

print

Рӯзи 8 ноябри соли 2019 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик зиёда аз 400 нафар сокинони ноҳия аз касбу кори гуногун ҷамъ омада амалӣ анҷомдодаи террористонро, ки шоми 6 ноябри соли ҷорӣ анҷом доданд якдилона маҳкум намуда, нафрин хондан.
Дар ҷамъомад иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалик Аминзода Фотеҳ Файзулло, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷавонон, омӯзгорон ва кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баромад намуда, пеш аз ҳама шукронаи ободиву осудагӣ, истиқлолияти давлатӣ, тинҷию амонӣ ва Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, иброз намуданд, ки ин неъматҳои бебаҳоро бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

ВОКУНИШ. Гурӯҳҳои терорристӣ ва экстремистӣ бо амалҳои нопоки худ тамоми дунёро имрӯзҳо ба ташвиш овардааст. Терорризм барои амнияти миллӣ ва давлатдории мо низ хатар эҷод мекунад. Гурӯҳи терорристии «Давлати исломӣ» бо супориши хоҷагони хориҷии худ ва мағзшуӣ бо истифодаи калимаи (ҷиҳод) ҷавононро бо ҳар гуна роҳу усулҳо ба доми худ кашида, сипас онҳоро ба куштору қатл ва анҷом додани таркишҳо равона месозанд.
Исломшиносон таъкид намуданд, ки амалҳои террористии ин гурӯҳҳо бо «Ҷиҳод» ва ислом ягон робитае надорад.
Амали анҷомдодашудаи шаби 6-уми ноябри соли 2019 аз ҷониби 20 нафар пайравону аъзоёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бо истифода аз торикии шаб ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, мақсад доштанд, ки фазои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ноором созанд.
Амали онҳо рӯзе ташкил карда шуд, ки сокинони Тоҷикистон дар тантанаҳои ҷашнии 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд. Ва онҳо, ки нотавонбин ва аз хоҷагони хориҷӣ порахӯрда буданд, мехостанд бо амалётҳои нопоки худ хуни шаҳрвандони бегуноҳро резонанду ин кишварро ба майдони ҷанг табдил диҳанд.
Ва ин моро водор месозад, ки чун фарзандони як модари бо ном Тоҷикистон, ин фазои тинҷу осудаи кишварро бо ҷону дил ҳимоя намоем.
Ҳама пиру барно бо нанги Рустамона Ватанамонро ободу зебо нигоҳ дорем ва ҳамаи душманони миллати тоҷикро хоҳ дохили хоҳ берунаро дар ҷояшон нобуд созем.
Мо сокинони ноҳияи Темурмалик амали гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро сахт маҳкум карда, ба ҳуҷуми мусаллаҳонаи онҳо нафрат дорем.
Ба хешовандони ҳалокшудагони ин ҳодиса сабри ҷамил хоҳонем. Онҳо қаҳрамононе ҳастанд, ки бо ҷони хеш марзу буми Ватанро нигоҳ дошта, номи худро дар дилу дидаи мо ҷовидона сохтанд!
Айниддин Аслиддин мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Темурмалик.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code