0

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6 миллиону 954.6 ҳазор сомонӣ расид

print

     Давоми шаш моҳи соли 2019 дар ноҳияи Темурмалик ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6 миллиону 954.6 ҳазор сомонӣ расид, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15.8 фоиз афзоиш ёфта,  948.6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

     Дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли орд 61 тонна бо афзоиши 2.7 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 9.8 тонна бо афзоишӣ 2.2 фоиз, гушт 0.8 тонна бо афзоиши 1.0 фоиз, хишти сементӣ 44 ҳазор дона бо афзоиши 2 баробар, симтур 7.5 метри мурабба бо афзоиши 1.8 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ба маблағи 248.9 ҳазор сомонӣ бо афзоиши 60.2 баробар зиёд гардиданд.

Дар ин давра як корхонаи нави саноатӣ ҶДММ “Ширкати миллии сайёҳӣ” мавриди истифода қарор дода шуд, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ нигаронида шудааст ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона аллакай ба 291.3 ҳазор сомонӣ расидааст.

       Корхонаҳои истеҳсолии мавҷуда ҳамаашон ба пуррагӣ  фаъолият намуда, корхонаи аз фаъолият бозмонда вуҷуд надорад.

                         Истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ

          Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамагӣ: 6 млн. 954 ҳаз. 600 сомонӣ

Номгуй воҳиди ченак 2019 2018 фоиз + : –
 Ҳаҷми истеҳсол=ҳамагӣ ҳаз.сом 6954.6 6600.0 115.8 +948.6
Нон ва маҳсулоти нонӣ тонна 457.3 447.5 102.2 +9.8
Орд тонна 2344.8 2283.8 102.7 +61
Равғани  растанї тонна 20.6 21.0 98.1 – 0.4
Маҳсулоти дузандагӣ ҳаз.

сомон

253.1 4.20 60.2 б. + 248.9
Гӯшт тонна 84.0 83.2 101 + 0.8
Хишти сементї ҳазор  дона 88.0 44.0 200 + 44.0
Симтур м.тулони 435 427.5 101.8 + 7.5

 

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code