0

93011.5 ҳазор сомонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ

print

        Давоми шаш моҳи соли 2019 дар ноҳияи Темурмалик ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои  кишоварзӣ 93011.5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2869.7 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 103.2 фоизро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои кишоварзӣ новобаста аз шакли моликият дар майдони 15905 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ   гузарониданд,  ки аз он 13691 гектарашро зироатҳои ғалладонагӣ, 955 гектарашро зироатҳои техникӣ, 170 гектарашро картошка, 269 гектарашро сабзавот ва 470 гектарашро полезиҳо ташкил медиҳад.

   Ҳамзамон дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 19013,1 тонна, сабзавот ба 2852.4 тонна, картошка ба 2446.2  тонна ва мевагиҳо ба 260.4 тонна расонида шуд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо 342.8 тонна, сабзавот 69.8 тонна, картошка 0.7 тонна ва мевагиҳо 16 тонна зиёд мебошад.

   Дар баробари он содироти маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар идома дода, ба миқдори 450 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 тонна зиёд мебошад.

    Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 26.2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд, ки ин нишондиҳанда иҷрои 2.6 баробари нақшаи тасдиқшударо дар бар мегирад. Ҳамзамон барои мустаҳкам намудани базаи хурокаи кирмаки пилла 31 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шудааст. Тибқи дурнамо дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ноҳия  дар майдони 88 гектар боғҳои нав бунёд гардида,  14 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шуданд.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code