0

6122.8 ҳазор сомонӣ даромади буҷети дар 6 моҳ

print

   Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли 2019 ба андозаи 104 фоиз иҷро гардидааст, яъне дар ҳолати нақшаи нимсола 5872.1 ҳазор сомонӣ будан, дар асл 6122.8 ҳазор сомонӣ ворид шудааст. Нақшаи ҳама намуди андозҳо ба пуррагӣ таъмин гардиданд.

   Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмуъ 103 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105 фоизро ташкил дод.

   Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 10068.5 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 990 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст.

   Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 96 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи шашмоҳа 18030.7 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 17223.9 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 89 фоиз, маориф 91 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 96 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 75 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 87 фоиз, фарҳанг 94 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 84 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.

temurmalik

Шарҳи худро гузор

Почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдончаҳои ҳатмӣ *

*

code