0

Изат Амон ба қаллобӣ гумонбар аст

Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нисбати шаҳрванд Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда… Continue Reading

0

МАРЗИ ДАВЛАТӢ ВА РИСОЛАТИ МИЛЛӢ

Назар ва даъвати «шаҳрванди огоҳ»  дар масъалаи баҳсҳои марзӣ бо Қирқизистон   Гиреҳи баҳси марзии Тоҷикистон ва Қирқизистон дар куҷост? Даври нави музокирот чӣ тафовут дорад? Рисолати ҷомеа дар баробари ин мавзӯъ чист? Чаро бояд аз ҳайати давлатӣ ҳимоят намоем?… Continue Reading

Вокуниш оид ба тирпаронии наҳзатиҳо дар Олмон

Вокуниш оид ба тирпаронии наҳзатиҳо дар Олмон      Ин воқеаи нохуш ба ҷавонмардоне, ки аз ҷониби аъзоёни ташкилоти экстремистӣ террористии наҳзат, ки дар яке аз демократитарин кишвари ҷаҳон –Олмон ба вуқуъ пайваст, ҳеҷ касро ба канор монда наметавонад. Зеро… Continue Reading

0

Оини мардумӣ дар пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ. Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷавонон бинобар беиттилоотӣ ва заифии арзишҳои инсонӣ ба осони ба гуруҳҳои ифротӣ мепайванданд. Барои ҷалбкунандагон (вербовщики) мағзшӯии чунин ҷавонони ноогоҳ бисёр осон аст. Тавре Рустам Азизиӣ, муовини Кумитаи исломшиносӣ дар як мусоҳибааш гуфта буд барои як ҷалбкунанда дар ҷалби як ҷавон ба гуруҳи экстримистӣ ҳамагӣ чанд соат лозим аст, то таваҷҷӯҳи уро ҷалб кунад, то ки баъдан шустушӯи мағзиро анҷом диҳад. Бояд бидонед, ки нишони асосии ифротгароён асосан насли ҷавон аст. Боистифода аз ҳадису оятҳои бофтаашон бо номи Ислом онҳоро ба доми фиреб меандозанд. Яке аз роҳҳои мувофиқ барои мардуми тоҷик, ба хусус навоҳии дурдаст оини қадимии “Насиҳати сари дастархон” аст. Масалан, бо гузашти беш аз 20 сол ман ҳануз ҳам насиҳати ҳамон сари як пиёла чой додаи падарам ҳануз дар хотирам ҳаст ва он ҳамчун як раҳнамо ҳамеша дар зеҳнам ҷилва мезанад. Воқеан ҳам сухани бузургсолони хонавода, ки дар синни наврасиву навҷавони ба унвони як идеал ҳастанд хеле муасиранд. Суханоне, ки ба дил роҳ меёбанду дар зеҳнҳо нақш мебанданд то абад аз ёдҳо намераванд. Дар ҳамин росто Юля Денисенко, коршиноси минтақавӣ доир ба таъсир ва муқовимат бо экстримиз мегӯяд, яке аз роҳҳои муасир дар самти пешгирии ҷавонон аз гароиш ба созмону ҳаракатҳои экстримисти ин рушди тафакури интиқодӣ аст. Рушди тафаккур яъне иттилооти бештар, донишҳои фаррох ва таҳлили мавзуъ. Маъмулан ҳамаи ҳамин корҳоро бурузгсолони хонаводаҳои мо пас аз хуроки шом, сари як пиёла чой байни худ баррасӣ карда ва хулосаи онро ба мо навҷавонон мегуфтанд. Мо наврасон шоҳиди таҳлилу баррасии онҳо будем. Медидем, ки мавзуъро чӣ тавр матраҳ мекунанду ба як хулосае меоянд.Ҳамаи ин як дарси зиндагист. https://www.youtube.com/watch?v=iCVBHRJoNCc&feature=share&fbclid=IwAR0jbsA7y1q9k8UX1OzYEMtlYH092uwH0mDKAnrGBTt4tftwVTw9ckCoL08 Хуб мебуд имрӯзҳо насиҳати оилавиро аз сари нав ба роҳ монем. Бисёриҳо ин суханонро шунидаем: “Ман насиҳати падар дораму ин ё он корро хато гуфта асло намекунам. Вақтҳои охир насиҳати волидайн кам шудааст фазо холи монда дигарон онро бо хости худ ва манфиати худ пур мекунанд. Аз ҳамаи калонсолон падару модарон хоҳишмандам насиҳати сари дастархон, ки ҳама фарзандон сарҷамъанд дубора зинда гардонед!. Фоидаи калон дорад. Бовар дорам аксарияти соҳибмаърифатон ба суханони ман рози мешаванд. Мактаби хонаводаги ва ё модару падар қудрати бузурге дорад, ки ягон донишгоҳу донишкадаи ҷаҳони онро иваз карда наметавонад. Фарзандони худро барои дигарон бо дасти худ надиҳем беҳтарин силоҳ бар зидди чунин роҳҳои бад насиҳати Шумостhttps://m.facebook.com/story.php?story_fbid=3628456027211503&id=100001414243607