0

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АМИНЗОДА ФОТЕҲИ ФАЙЗУЛЛО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. ҲАМДИЁРОНИ ИЗЗАТМАНД! Бо самимият ва таманнои сарбаландию хушрӯзгории ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз рӯ ба инкишофу тараққӣ намуда истодааст суханони шодбошии худро оғоз мекунам. Ҳар сол дар ин сана, ки дар таърихи халқи тамаддунофару бузурги тоҷик ҳамчун рӯзи ташкили давлати навини тоҷикон, яъне Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст бо тантана ва бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Воқеан ҳам 9-сентябри соли 1991 дар диёри бостонии мо рӯйдоди таърихие ба вуқуъ пайваст, ки он дар тақдири мардуми сарзамини мо дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд овард. Дар ин рӯз дар харитаи сиёсии ҷаҳон боз як давлати ҷавон – Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуд. Аммо ин барои халқи мо аввалин сохти давлатдорӣ набуд. Тоҷикон аз қадим боз соҳибдавлату соҳибтамаддун буданд. Вале чуноне, ки ба аҳли хираду заковат аён аст, чархи таърих дар аснои гардиши абадии хеш бо халқҳо ва давлатҳои ҷаҳон боре пирӯзи ва гоҳе дигар нокомиҳо ба бор меорад. Бояд гуфт, ки Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, боарзиштарин муққадасот ва бо шукуҳтарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро он мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагист. Гарчанде мо иду ҷашнҳои зиёд дорем вале бе шак ҷашни Истиқлолият муҳимтарину арзишмандтарини онҳост. Истиқлолияти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар арсаи ҷаҳон эътироф гардидани низоми давлатдории мустақилона, рушд кардани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, инчунин, шарафу номуси ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҷаҳду талоши бардавоми ҳар як фарди бо нангу номус ба хотири ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистон мебошад. Мардуми кишвар аз он ифтихор доранд, ки дар тӯли 29-соли истиқлолият таҳти сарварии роҳбари хирадманди хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори давлатдории миллиамонро устувор намуда, барои таҳкими он бо заҳмату меҳнати сарбаландонаи худ корҳои бузургеро ба анҷом расонид ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорад. Ҳамдиёрони иззатманд! Дар солҳои баъдӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули як қатор барномаҳои давлатӣ ва консепсияву стратегияҳои миллӣ ба шоҳроҳи устуворӣ иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ворид гардид. Ҳамзамон бо ин, татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсии ҷомеа ва давлат, корҳои бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди инфрасохтори истеҳсолию иҷтимоӣ, иншоотҳои энергетикӣ роҳу нақлиёт ва дигар иқдомоти созанда вусъат пайдо карданд. Ҳоло бо шарофати хизмати аҳлона ва заҳмату талошҳои халқи заҳматкашу шарафмандамон се ҳадафи стратегии миллии мо-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳилаи ниҳоии худ расида, бо иқдомоти наҷиби Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноаткунонии иқтисодиёти кишварамон эълон гардид ва дар ин замина корҳои созанда бо суръат идома доранд. Бояд таъкид намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба туфайли сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯ ва нуфӯзи байналмилалии Тоҷикистон пайваста боло меравад. Имрӯз кишвари мо узви комилҳуқуқӣ аксари созмонҳои минтақавию байналмилалӣ буда, ҳамроҳ бо дигар давлатҳои ҷаҳон дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ва фарҳангии ҷаҳон нақши хосаи худро мегузорад. Иқдомоту ташаббусҳои мамлакати мо бахусус Президенти кишвар аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ ва дастгирӣ карда мешаванд. Аз моҳи марти соли 2018 расман ба татбиқи амалии ташаббуси чоруми Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ҳусни оғоз бахшидан мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад. Вақте мо оиди нақши сарнавиштсози истиқлолият дар ҷомеа ва давлат сухан мегӯем, бояд доираи сарҷамъию иттиҳоди миллат, ваҳдати миллӣ инчунин аҳамият ва зарурати ҳифзи муқаддасоти халқамон баҳогузорӣ намоем. Ҳамзамон нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тундравӣ ва таассубу хурофот ба тафаккури ҳамдиёрони мо, ба хусус андешаи наврасону ҷавонони мо роҳ ёбанд. Давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ ноҳияи Темурмалик низ дар қатори дигар шаҳру навоҳии кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои калон муваффақ гардид. Заҳматкашони ноҳия бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суръати корҳоро вусъат бахшида, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ ноил гардиданд. Ҳамзамон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оиди вусъат додани корҳои ободонӣ ва созандагию бунёдкорӣ қабул гардида, дар ин раванд корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд. Аллакай иншоотҳои зиёди ҷашнии ба нақша гирифта шуда, як қисмати онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мардуми моро ба меҳнатдӯстию меҳнатпарастӣ баҳри ободию пешрафти Ватани азизамон-Тоҷикистони биҳиштосо даъват намуда, ҳифзи дастовардҳои истиқлолиятро аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як шаҳрванди кишвар медонанд. Аз ҷумла таъкид намудаанд; «Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарор дошта, тақвият бахшидани дастовардҳои истиқлолият муваффақ шавем». Боварии комил дорем, ки мардуми шарифи ноҳия дар қатори дигар сокинони кишвар дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дастури фаъолияти худ қарор дода, дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар самтҳо ба дастовардҳои калон ноил гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат рушду инкишофи минбаъдаи кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар фуроварди суханронии худ бо ин таманниёти нек аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шумо тамоми сокинони сарбаланду заҳматпешаи ноҳияро ба муносибати ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан ва самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон пеш аз ҳама сиҳати саломатӣ, барори кору муваффақият ва рӯзгори хушу осударо таманно менамоям. Ҷашни истиқлолият муборак ҳамдиёрони азиз!https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=165134691867771&id=100051137233472

0

ДАР ТОЛОРИ ҚАСРИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК БО ИШТИРОКИ КОРШИНОСОНИ СОҲА ВА ЗИЁИЁНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ, РАИСОНИ ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ, РАИСОНИ МАҲАЛЛАҲО ВА АЪЗОЁНИ УЧАСТКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР КАРДА ШУД.https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=169055038142403&id=100051137233472

0

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОЛОРИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК ВА ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ АМИНЗОДА ФОТЕҲИ ФАЙЗУЛЛО БА ИН МУНОСИБАТ.https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=173868964327677&id=100051137233472